ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Кафедраи назария ва таърихи адабиёт

 

1. Насаб, ном номи падар: Шамсов Нурмад Сироҷович

2. Вазифа: Мудири кафедра

3. Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои филологи, дотсент

4. Рақами телефон: 915 48 03 77

5. Суроғаи электронӣ: shamsov1960@mail.ru

Кафедраи назария ва таърихи адабиёт асосан дар таркиби кафедраи “филологияи тоҷик” фаъолият намудааст. Моҳи майи  соли 1989 кафедра ба таври расмӣ таҳти унвони «Филологияи тоҷик» таъсис ёфта, ба фаъолият шурӯъ намуд. Нахустин роҳбари кафедра дотсент А. Самадов таъйин мешавад. Он солҳо, ки Донишгоҳ асосан муаллимони забон ва адабиёти русро барои мактабҳои миллӣ тайёр мекард, тамоми қувваю воситаҳо бештар ба омӯзиши забони русӣ сафарбар гардида, таълими ҳамаи фанҳо тавассути забони русӣ сурат мегирифт. Дар ин кафедра олимони барҷаста Расул Ҳодизода ва Х. Асозода  фаъолият намудаанд. Бо назардошти вижагиҳои Донишкада аз тарафи устодон нақша ва барномаҳои таълимӣ ва корӣ мураттаб гардидаанд. Дар кафедра аз фанни таърихи адабиёти  тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, балоғат, назмшиносӣ, сабкшиносӣ, муқаддимаи адабиётшиносӣ, нақди адабӣ, таърихи адабиёти Англия ва ИМА дарс мегӯянд. Соли 2006 бо  қарори Шӯрои олимон кафедраи адабиёти тоҷик таъсис меёбад, ки сарварии онро дар солхои мухталиф устодон Восиева Р(2006-2008), Олимова Х.(2008-2020), Исрофилниё Ш.(2010-2012), Аъзамова М.(2012-2014) ба дӯш доштанд.

Бояд тазаккур дод, ки аз октябри соли 2014  кафедраҳои забон ва назария ва таърихи адабиёти тоҷик як шуд, ки номи он кафедраи забон ва адабиёти тоҷик ва мудирияти онро номзади илмҳои филологӣ, дотсент Хосият Олимӣ ба уҳда дошт. Соли 2015 аз нав кафедраҳо ҷудо шуданд ва мудирии кафедра ба зиммаи  номзади илми филология, дотсент Аъзамова М. гузошта мешавад. Дар айни замон мудири кафедра номзади илми филология Шамсов Н. С. мебошад.

Имрӯзҳо ҳайати кафедра аз ҷумлаи профессорону омӯзгорон  меафзояд ва ин ҳайат дар таърихи Донишгоҳ бесобиқа мебошад.

Омӯзгорони кафедраи назария  ва таърихи  адабиёт аз зумраи вазифа, унвон ва дараҷаи илмидор дар ҳайати зер қарор дорад:

Докторон:  Давлатбеков Л. М., Восиева Р. Қ. Салими Х.

Номзадони илм: Шамсов Н.С., Олимӣ Х., Раҳимова М., Боев Ш., Додихудоев Ё., Абдураҳимов Б., Бобоалиева З.П.

Бояд тазаккур дод, ки дар кафедра як қатор аспирантону унвонҷӯён низ аз дохил ва хориҷи кишвар вобаста шудаанд, ки рисолаи илмӣ навишта истодаанд.

Ҳоло олимони кафедра дар ду самт, яъне «Таърихи адабиёт» ва «Таҳаввул ва инкишофи жанрҳо ва усулҳои тадқиқи он аз нигоҳи адабиётшиносии муосир-назарияи адабиёт» таҳқиқоти илмӣ мебаранд.