Кафедраи филологияи англис дар назди факултети забонҳои хориҷии донишгоҳ (ҳоло факултети забони англисӣ) ҳанӯз соли 1993 таъсис ёфта буд. Солҳои аввал дар назди кафедраи забони русӣ аз рӯйи ихтисоси забони русӣ – англисӣ (омӯзгор) мутахассисон тайёр карда мешуданд.Баъдан, кафедра фаъолияташро пурра барои тайёр кардани тахассуси омӯзгор ва тарҷумони самти забони англисӣ равона карда, ҳоло мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои таъминоти фаъолияти ҳуқуқӣ, технологияи хизматрасон ва омӯзгорӣ омода мекунад.
Кафедраро дар солҳои гуногун омӯзгорони зерин роҳбари намуданд:
1. Имонова Дилрабо, муаллими калон
2. Ҷумаева Елена Сергеевна, муаллими калон
3. Астанова Холида Азизовна, муаллими калон
4. Ғафурова Мукаррама Ҷалоловна, муаллими калон
5. Ҳасанова Малика Сайдаҳмадовна, муаллими калон
6. Насруллоев Муҳаммад, номзади илмҳои филологӣ
7. Наврасов Абдурауф Бурҳонович, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
8. Гадоев Каримҷон Хайруллоевич, номзади илмҳои педагогӣ
9. Мусоямов Зубайдулло Муминшоевич, номзади илмҳои филологӣ
10. Кесамирова Саодат Рустамовна, номзади илмҳои филологӣ
Бояд қайд кард, айни ҳол дар кафедра беш аз 27 нафар омӯзгор фаъолият мекунанд, ки аксарияти онҳо мутахассисони ҷавон мебошанд. Дар кафедра омӯзгорони ботаҷрибае фаъолият мекнанд, ки онҳоро дар саросари ҷумҳурии мешиносанд, аз ҷумла, Астанова Х.А., Ҳасанова М., Ғафурова М.Ҷ., Бобокалонова Т.,ва Ҳомидова М. Мутахассисон зиёда аз 22 фанни тахассусии забони англисиро дарс медиҳанд.
Дар назди кафедраи филологияи англис се марказ “Маркази рушди забони англисӣ”, “Маркази омодакунии имтиҳонии TOEFL” ва “Маркази тестии Cambridge” фаъолият менамояд. Дар Маркази рушди забони англисӣ тамоми чорабиниҳои кафедра дар сатҳи баланд баргузор мегардад. Маркази рушди забони англисӣ 18-уми апрели соли 2019 ба фаъолият шурӯъ намудааст, ки аз оғози фаъолияти то имрӯз зиёда аз 2000 китоб дар шакли чопӣ ва 2000 нусха китобҳои электронӣ дар шакли PDF ҷамъоварӣ шудааст. Ғайр аз ин дар маркази рушди забони англисӣ маҳфилҳои гуногун тибқи нақша фаъолият менамоянд, ки роҳбарии онҳоро муаллими калони кафедра Саидова Д. ва Тағоева Т. ба зимма дорад. Тибқи нақшаи тартибдодашуда дар марказ маҳфилҳо аз қабили “Discussion club”, “Debate club”, “Listen and speak”, “Watch and speak” ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе гузаронида мешаванд. “Маркази омодакунии имтиҳонии TOEFL” ва “Маркази тестии Cambridge” санаи 12.11.2021 бо иштироки бевоситаи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфтааст.
Кафедраи филологияи англис фаъолияти худро барои тайёр намудани мутахассисони баландпояи омӯзгорӣ, фаъолияти ҳуқуқӣ ва технологияи хизматрасон ба роҳ мондааст.