Кафедраи филологияи Шарқи Наздик расман соли 2010 баъди тақсим намудани кафедраи забонҳои Шарқи хориҷӣ ба ду сохтори мустақил арзи вуҷуд кард. Аслан, қабули донишҷӯён ба шуъбаи арабӣ дар ҳайати факултети забонҳои Шарқ аз соли 2004-ум оғоз гардид. Ҳамон сол ҷиҳати ташкил ва таъмини хушсифати раванди таълими забонҳои арабӣ, форсӣ, ҷопонӣ, чинӣ ва куриёӣ кафедраи забонҳои Шарқи хориҷӣ таъсис ёфт. Ду соли аввал, яъне солҳои 2004 ва 2005, донишҷӯён аз рӯйи ихтисоси тарҷумони забонҳои арабию англисӣ, инчунин, тарҷумони забонҳои форсию англисӣ қабул шуданд. Минбаъд то соли 2012 қабулу омодасозии мутахассисони забони арабӣ танҳо аз рӯйи ихтисоси «бакалавр”-тарҷумони забони арабӣ» сурат гирифт. Аз соли таҳсили 2012-2013 қабул ба шуъбаи арабӣ боз аз рӯйи ихтисоси тарҷумони забонҳои арабию англисӣ идома дорад.
Устодони нахустини шуъбаи арабӣ профессор Х. М. Зиёев, дотсент А. С. Самадов ва дигарон буданд, ки барои ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари кафедра саҳми босазои худро гузоштаанд.
Дар самти таълими забони форсӣ хидматҳои мутахассисони соҳибтаҷрибаи ватанӣ дотсент Н. Саркоров, М. Кенҷаев, А. Эгамов ва дигарон пурарзишанд.
Кафедраи филологияи Шарқи Наздик фаъолияти хешро баҳри омода сохтани тарҷумонҳои хушсалиқае, ки аз маҳорату малакаҳои амиқи назарию амалии забонӣ, инчунин, донишҳои пухтаю ҳамаҷонибаи касбӣ бархурдоранду бо ҷаҳонбинии пешқадам мусаллаҳанд, муваффақона пеш мебарад.
Кафедраи филологияи Шарқи Наздик бо марказҳои дигари арабшиносии ҷумҳурӣ, монанди кафедраи филологияи араби ДМТ, факултети шарқшиносии ДДХ ба номи Б. Ғафуров, кафедраи филологияи араби Донишкадаи ислом ии Тоҷикистон ба номи Имом Абуҳанифа ҳамкориҳои илмию таълимию методиро ба роҳ монда, иштирокчии доимии анҷуману дигар тадбирҳои илмию амалӣ мебошад.
Дар ҳоли ҳозир ҳайати кафедра 9-нафар (аз ҷумла, як нафар лаборант) буда, аз он 8-нафар омӯзгор аз рӯйи ихтисосҳои забон ва адабиёти хориҷӣ-арабӣ-англисӣ ва форсӣ-англисӣ дар курсҳои 1 то 5 ба таълиму тадрис машғул ҳастанд.
Феълан мудири кафедраи филологияи Шарқи Наздик номзади илмҳои филологӣ, дотсент Солиҳов Наҷмиддин Ҳамдамович мебошад, ки дар кафедра баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тадриси босамари забонҳои арабӣ ва форсӣ ифои вазифа дорад.