1. Ном ва насаб: Соҳибназарова Ҳавасмоҳ Тиллоевна
2. Вазифа: Мудири кафедра
3. Унвон ва дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филологӣ, дотсент
4. Телефони корӣ: (+992) 937-00-04-37
5. Почтаи электронӣ: havas3001@mail.ru
Кафедраи забоншиносии муқоисавӣ ва назарияи тарҷума дар заминаи кафедраҳои назария ва амалияи тарҷума ва забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавии забонҳо соли 2018 таъсис ёфтааст, ки мудирии онро дотсенти кафедра Соҳибназарова Ҳ.Т. ба уҳда дорад. Саҳми кафедра дар ташаккул, рушд ва омода намудани мутахассисони унвондор муҳим арзёбӣ гашта, ҳамчун кафедраи пешбар нақши бориз дорад.
Кафедра дорои фанҳои марбут ба тарҷума ва тарҷумашиносӣ, аз қабили назарияи тарҷума, тарҷумаи хаттӣ, тарҷумаи синхронӣ, тарҷумаи матнҳои расмӣ-коргузорӣ, тарҷумаи матнҳои сиёсӣ, тарҷумаи матнҳои иқтисодӣ, курси амалии тарҷума, роҳбалад-тарҷумон ва ғайра мебошад.
Дар кафедра мунтазам семинарҳои илмӣ-методӣ ва илмӣ-назариявӣ гузаронида мешаванд, ки гузаронидани онҳо ба зимаи омӯзгорони ҷавони кафедра вогузор карда шудааст. Онҳо имкон доранд, ки тибқи стандартҳои мавҷудаи таълим дарсҳои шавқовар гузаронанд.
Инчунин, бояд гуфт, ки аксари устодони кафедра дар омода намудани мақолаҳои илмӣ комёбиҳои илмии худро такмил медиҳанд.
Дар кафедра давоми панҷ соли охир 9 конференсияи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва донишкадавӣ (“Нақши тарҷума дар шароити кунунии ҷомеа”, “Нақши тарҷума дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа”, “Масъалаҳои мубрами тарҷума ва забоншиносӣ”, “Масъалаҳои мубрами забоншиносӣ ва тарҷума дар замони муосир”, “Усулҳои муосири таълими забон ва адабиёти рус дар шароити бисёрфарҳангии таҳсилот”, “Омӯзиши масъалаҳои умдаи филология ва тарҷума дар даврони сиҳибистиқлолӣ”, “Ташаккул ва рушди тарҷумашиносӣ дар 30 соли Истиқлолияти давлатӣ”, “Саҳми тарҷумонҳои касбӣ дар пешбурди фаъоляити соҳибкорӣ”, “Чанбаҳои забоншиносӣ ва иҷтимоии тарҷума дар шароити бисёрфарҳангии таҳсилот”) гузаронида шудааст, ки дар онҳо масъалаҳои забоншиносию тарҷумашиносӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Дастури таълимӣ ва китобҳои дарсӣ таҳти унвонҳои “Тарҷумаи матнҳои сиёсӣ”, “Тарҷумаи матнҳои иқтисодӣ”, “Трҷумаи матнҳои хаттӣ” ва “Курси амалии тарҷумаи забони англисӣ” ва амсоли инҳо ба қалами устодони кафедра тааллуқ доранд.
Дар заминаи “Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ то соли 2030” дар кафедра мунтазам мизҳои мудаввар, конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ ва семинарҳои илмӣ-методӣ ташкил карда мешаванд, ки дар онҳо омӯзгорони дигар кафедраҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои олӣ иштирок ва маърӯза менамоянд.
Бе муболиға метавон гуфт, ки бо ташаббуси кафедра таъсис ва нашри маҷаллаи илмию ҷамъиятии «Фурӯғи тарҷума» на танҳо дар сатҳи донишгоҳ, балки дар сатҳи ҷумҳуриявӣ чорабиниҳои муҳими илмию амалиро ташкил намуд. Муҳтавои маҷалла на танҳо аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯён, инчунин, аз ҷониби муҳаққиқону тарҷумонҳои адабӣ низ баҳои баланд гирифт.
Беҳтарин ва маъмултарин маводи замони фаъолияти кафедра ба хонандагон пешкаш гардида, аз тарафи устодони кафедра мақолаҳои зиёди илмию оммавӣ ба табъ расидаанд. Дар солҳои охир тибқи дастури методӣ аз ҷониби устодони кафедра чандин монографияҳои онҳо вобаста ба фаъолияти кафедра низ тарҷума карда шудаанд.
Дар кафедра китобхонаи махсусгардонидашудаи электронӣ мавҷуд буда, дар он адабиёти илмӣ, таълимӣ ва бадеӣ нигоҳ дошта мешавад, ки аз он донишҷӯён ва омӯзгорони кафедра васеъ истифода мебаранд.
Кафедра тобеи факултети забони англисӣ буда, дар он 1 профессор, 4 дотсент, 1 номзади илм-муаллими калон, 3 муаллими калон ва 1 ассистент фаъолият доранд.
Ҳайати омӯзгорони кафедраи забоншиносии муқоисавӣ ва назарияи тарҷума тамоми маҳорату малакаи худро барои дар сатҳи баланд омода намудани донишҷӯёни забономӯзон, забоншиносону мутарҷимон равона кардаанд.
Вазифаҳои асосии кафедра аз инҳо иборатанд:
- татбиқи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
- таълим ва ташаккули малакаи тарҷумаи шифоҳӣ, хаттӣ, синхронӣ ва таълими забони коргузорӣ бо забонҳои омӯхташуда;
- фаъолияти самарабахши таълимӣ, илмӣ, методӣ ва тадқиқотӣ бо мақсади омодасозии касбии забоншиносон ва тарҷумонҳо;
- истифодаи дастовардҳои муосири илмӣ ва таҷрибаи пешқадами забоншиносӣ ва тарҷума дар раванди таълим;
- рушди малакаҳои касбии донишҷӯён;
- такмил додани чаҳонбинии умумии доншҷӯён дар соҳаҳои гуманитарӣ, тарбиявӣ ва эстетикӣ.
Самтҳои асосии фаъолияти илмии кафедра:
- таҳқиқ ва татбиқи муқаррароти асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ»;
- омӯзиши тамоюлҳои муосир ва таҷрибаи байналмилалӣ дар таълим ва омӯзиши забонҳо, таҳияи дастовардҳои илмӣ оид ба ҷорӣ намудани инноватсияҳо дар соҳаи забоншиносӣ ва тарҷума дар системаи таҳсилоти олӣ;
- омӯзиши равандҳо ва самтҳои гуногуни илмӣ бо мақсади мусоидат ба ташаккул ва рушди системаи муосири омодагии касбии забоншиносон ва тарҷумонҳои оянда;
- таҳияи далелҳои илмӣ ва пешниҳодҳо оид ба ташаккули стратегияи милли ва таҳияи сиёсати забони давлатӣ;
- омӯзиши мавҷудият ва дурнамои рушди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ дар соҳаи забон.
Дар кафедра маҳфили илмию фарҳангӣ амал мекунад, ки «Мутарҷим» ном дорад. Мақсад аз ташкили ин маҳфил табодули афкор ва дониши донишҷӯён оид ба тарҷумонӣ, рушди дониши тарҷумаи забонӣ ва маҳорати тарҷумонӣ мебошад. Ин маҳфил моҳе як маротиба миёни донишҷӯёни курсҳои гуногун гузаронда мешавад.
Моҳи октябри соли 2021 дар назди кафедра “Маркази тарҷума ва тарҷумаи ҳамзамон” бо тамоми таҷҳизот барои баланд бардоштани сифати таълим ва малакаи тарҷумаи донишҷӯён кушода шуд. Ин марказ бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ барои фаъолияти тарҷума муҷаҳҳаз буда, барои тарҷумаи ҳамзамон ва пайдарпай бо интернет пайваст аст.
Айни замон аъзои кафедра дар раванди тайёр кардани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи тарҷумон саҳм гузошта истодаанд.