ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Факултети забонҳои Аврупо

Ҳалимова Маҳбуба Сафаралиевна 

Дараҷа: номзади илмҳои филологӣ 

Вазифа: декани факултети забонҳои Аврупо 

Маълумот:  олӣ 

Ихтисос аз рӯи ихтисос: омӯзгор 

Тахассус: омӯзгор 

Собиқаи умумии корӣ: 8 сол 

Собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос: 8 сол 

Рақами телефони корӣ: -

E-Mail: mahbuba.90.90@mail.ru

Бо барқарор гаштани равобити байналмилалии Тоҷикистон бо дигар мамлакатҳои дунё, хусусан, баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, зарурати омода кардани кадрҳои баландихтисоси забондону забоншинос, тарҷумон ва омӯзгорон ба миён омад. Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ин самт маҳсуб меёбад.

Факултети забонҳои Аврупо дар заминаи факултети забонҳои ромнӣ-германӣ 1-уми сентябри соли 2019 таъсис ёфта, мутахассисони рақобатпазирро дар самти тарҷумонӣ, минтақашиносӣ ва робитаҳои байнифарҳангӣ омода менамояд.

Дар назди факултети забонҳои Аврупо вобаста ба самти таълим донишҷӯён аз рӯйи 6 ихтисос бо 5 забон (забони давлатӣ (тоҷикӣ) ва забонҳои русӣ, олмонӣ, фаронсавӣ ва англисӣ) дар зинаи бакалавриат ва магистратура ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ба шогирдон ҳайати профессорон, дотсентон ва муаллимони калону ассистентони собиқадори соҳаи илму маорифи кишвар тадрису таълим медиҳанд.

Аз соли таъсисёбии факултет (с. 2019) роҳбарии онро номзади илмҳои филологӣ, дотсент Каримов Амонулло Файзуллоевич ба уҳда дошт. Айни ҳол, Ҳалимова Маҳбуба Сафаралиевна, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, ки яке аз мутахассисони  варзидаи забони олмонии Донишгоҳ маҳсуб меёбад, декани факултет мебошад. Сармушовири академӣ Зокирзода Масрури Шарифҷон, мушовири академӣ Муҳаммадшариф Зариф Зокирзода ва коргузор Қосимзода Мавҷуда Хусрав мебошанд.

Сохтори факултет иборат аст аз садорати факултет, Шурои олимони факултет, Шурои илмӣ-методии факултет, Шурои кураторон, Шурои занон ва духтарон, созмони ҷавонон, кафедраҳои амалкунанда, китобхона, китобхонаи электронӣ, маркази рушди забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ, маркази рушди забони англисӣ.

ИХТИСОСҲОИ ЗИНАИ БАКАЛАВРИАТ

1. 1-230102-02 – Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (сайёҳии байналмилалӣ);

2. 1-230102-04 – Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (муносибатҳои сиёсии беруна);

3. 1-020307 Забони фаронсавӣ. Минтақашиносӣ;

4. 1-020307 Забони олмонӣ. Минтақашиносӣ;

5. 1-020306-04 – Забони фаронсавӣ. Забони англисӣ;

6. 1-020306-02 – Забони олмонӣ. Забони англисӣ.

ТАХАССУСҲОИ ФАКУЛЕТ

1.  1-230102-02 – Мутахассис оид ба робитаҳои байнифарҳангӣ, тарҷумон-референт (забони англисӣ);

2.  1-230102-04 Мутахассис оид ба робитаҳои байнифарҳангӣ, тарҷумон-референт (забони англисӣ);

3.  1-020307 – Тарҷумони забони фаронсавӣ, минтақашинос;

4.  1-020307 – Тарҷумони забони олмонӣ, минтақашинос;

5.  1- 020306-04 – Омӯзгор;

6.  1- 020306-02 – Омӯзгор.

ИХТИСОСҲОИ ЗИНАИ МАГИСТРАТУРА

1-020307 - Забони олмонӣ. Минтақашиносӣ. Тарҷумони забони олмонӣ. Минтақашинос

Айни ҳол, дар факултет ду кафедра – забонҳои романӣ-германӣ ва таърих ва робитаҳои байнифарҳангӣ фаъолият менамояд.