Абдураҳимов Бахтиёр Абдураҳимович
Дараҷа: номзади илми филология
Унвон: Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2010), Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2010)
Вазифа: декани факултети филологияи тоҷик
Маълумот: олӣ
Ихтисос аз рӯи диплом: рӯзноманигор ва тарҷумон
Тахассус: рӯзноманигор ва тарҷумон
Собиқаи умумии корӣ: 14 сол
Собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос: 12 сол
Рақами телефони корӣ: -
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Факултети филологияи тоҷик дар заминаи факултети таҳсилоти ғоибона ва фосилавӣ соли 2015 таъсис ёфтааст. Нахустин декани он номзади илми филология, дотсент Олимӣ Хосият буд. Айни ҳол (аз соли 2018) декани факултет н.и.ф. Абдураҳимов Б. А. мебошад.
Факултет муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ буда, барномаҳои таҳсилоти олии касбӣ, такмили ихтисос ва корҳои илмӣ-тадқиқотиро амалӣ месозад.
Айни замон дар факултет 2 кафедра – забони тоҷикӣ ва назария ва таърихи адабиёт бо фарогирии 6 ихтисос фаъолият доранд.
Дар факултет аз рӯйи самтҳои зерин мутахассис омода карда мешавад:
- Забон ва адабиёти тоҷик;
- Забон ва адабиёти тоҷик. Забони англисӣ;
- Забон ва адабиёти тоҷик. Фарҳанги ҷаҳонӣ ва ватанӣ;
- Таълими компютерии забонҳо;
- Забоншиносӣ ва технологияи нави иттилоотӣ;
- Ҳуҷҷатшиносӣ ва таъмини иттилооти идора.
Факултет дорои 20 синфхона ва 7 утоқи корӣ буда, дар онҳо барои як басти таълимӣ 400 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Дар баробари ин, як синфхонаи лингофонӣ бо 12 компютер ва 12 ҷойи нишаст ва як синфхонаи тарҷумаи синхронӣ бо 13 компютер ва 13 ҷойи нишаст омодаи фаъолиятанд.
Айни замон дар факултет беш аз 50 нафар омӯзгор ба фаъолияти таълимию методӣ ва илмию тадқиқотӣ машѓуланд. Шумораи умумии устодони дараҷа ва унвони илмидошта 18 нафарро ташкил медиҳад.
Факултет дорои китобхонаи илмӣ-бадеӣ мебошад, ки дар он айни ҳол бо саҳмгузории донишҷӯён ва омӯзгорон беш аз 5000 нусха китоби илмию таълимӣ ва бадеӣ, ҷамъоварӣ шудааст. Итминони комил ҳаст, ки дар ояндаи наздик шумораи китобҳо то як баробар меафзояд.
Айни замон дар факултет 1 нафар шаҳрванди давлати хориҷӣ (Афѓонистон) таҳсил мекунад. Ҳамасола устодон ва донишҷӯёни факултет дар чорабиниҳои гуногуни илмию омӯзишӣ ва озмуну олимпиадаҳо иштирок менамоянд.
Раванди таълим бо анвою ҷиҳози муосири таълимӣ ва информатсионию коммуникатсионӣ таъмин карда шуда, барои кору фаъолият ва таҳсил шароити мусоид ва созгор фароҳам оварда шудааст.
Дар факултет мунтазам маҳфилҳои илмию фаннӣ, конференсия ва ҳамоишҳои илмию тадқиқотии сатҳи гуногун, чорабиниҳои ташкилию тарбиявӣ, фарҳангӣ ва шанбегиву корҳои ободонӣ баргузор карда мешаванд.
Афзалиятҳои факултет
1. Устодони дорои дараҷаю унвони илмӣ бо собиқа ва таҷрибаи бузурги омӯзгорӣ;
2. Китобхонаи наву замонавӣ бо фарогирии шумораи зиёди китобҳои илмию оммавӣ бо забонҳои тоҷикию хориҷӣ;
3. Фаъолмандии дастаи ҳунарии «Дидадаро» барои донишҷӯёни соҳибзавқу истеъдодманди уҳдабаро;
4. Мавҷудияти дастаи футбозбозони «Майдондор» баҳри саломатию фароѓати писарону духтарони варзишкор;
5. Роҳандозии мунтазами маҳофили «Фурӯѓ»-у «Равзана» ва «Забоншинос» бо ҳадафи тақвияти дониши муҳассилини вақтшинос;
6. Ташкили пайвастаи саёҳатҳои гурӯҳӣ ба осорхонаҳои ҷумҳуриявӣ ва боѓҳои истироҳатӣ;
7. Баргузории доимии викторинаи «Идрок» бо ширкати донишҷӯёни ҳушманду зираку бебок;
8. Даъвати ҳамешагии адибони номвари кишвар ва суҳбатороӣ бо толибилмони донишвар;
9. Фаъолмандии сомонаи вижаи факулта бо мазмуну муҳтавои баланду пероста бо дизайну ороиши наҷибона;
10. Инъикоси эҷодиёти навқаламонаю шогирдона дар шабакаҳои иҷтимоию сомона;
11. Синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо технологияҳои пешрафта ва омӯзиши бовусъати ихтисосҳои замона;
12. Қадрдонии донишҷӯёни аълохону фаъол бо ифтихорномаю сипоснома;
13. Иқомат дар хобгоҳи донишкада бо беҳтарин шароити фароҳамомада.
Сомонаи факултети филологияи тоҷик