ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Кафедраи педагогика ва психология

Кафедраи  педагогика ва психология яке аз кафедраҳои аввалинест, ки дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода соли 1980 таъсис ёфта, то имрӯз  фаъолият дорад. Кафедра кори худро барои иҷрои корҳои тарбияи педагогию психологии донишҷӯён, масъалаҳои назариявии таълиму  тарбия барои ташаккули шахс равона карда истодааст.

Барои тайёр кардан ва  тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи омӯзгорӣ ва тарҷумонӣ низ саҳми босазо гузошта,  таҳқиқотҳои  илмии  худро  аз  рӯи мавзӯи бунёдии  «Роҳҳои амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» ба роҳ мондааст. Аз тарафи устодон ва омӯзгорони кафеда як қатор мақола ва  дастурҳо, барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ таҳия гардидааст, ки онҳо дар машғулиятҳо истифода бурда мешаванд. Мақсади  кафедра баланд бардоштани сатҳи дониш, маҳорат ва малакаҳои педагогии донишҷӯён дар  соҳаи омӯзгорӣ мебошад.

Кафедраи мазкур байни факултавии донишкада ба ҳисоб рафта, аз  моҳи сентябри соли 2017 он ба факултети филологияи рус марбут мебошад. Он ҳамчун кафедраи пешбар шуда, дар назди он муҳокимаи рисолаҳои номзадиву докторӣ, инчунин, ҳимояи рисолаҳои хатм ва корҳои курсӣ ва додани тақризҳо амалӣ карда мешавад. Айни замон дар кафедра 21 устод фаъолият дорад, ки аз онҳо 4 нафарашон докторони илмҳои педагогӣ, 4 нафар номзадҳои илми педагогика, 3  нафар муаллими калон ва 6  нафар ассистентон мебошанд. 

Дар кафедра 18 воҳиди корӣ мавҷуд буда, омӯзгорони он аз рӯи 22 номгӯи фанҳои таълимӣ, аз аз он ҷумла:  «Педагогикаи умумӣ», «Таърихи педагогика», «Психологияи умумӣ», «Психологияи сину солӣ», «Психологияи касбӣ», «Психологияи муошират», «Педагогикаи мактаби олӣ», «Психологияи мактаби олӣ», «Курси махсуси мактабшиносӣ», «Таърихи афкори педагогикаи халқи тоҷик» ва ғайра машғулияти дарсии худро бо истифодаи технологияи муосир мегузаронанд.

Устодони кафедра дар ҳамаи факултетҳои донишкада ба донишҷӯёни зинаи бакалавриат ва магистратура дарс дода, роҳбарии таҷрибаи таълимӣ ва омӯзгориро ба уҳда доранд. Таҳти роҳбарии устодони ботаҷрибаи кафедра донишҷӯён корҳои курсӣ, дипломӣ ва рисолаҳои хатм менависанд. Дар назди кафедра  3 нафар аспирант, 6 нафар унвонҷӯй  фаъолият дорад, ки аз рӯйи мавзуъҳои илмии ҳалталаб кор карда истодаанд. Дар давоми мавҷудияти кафедра зиёда аз 10 нафар рисолаи номзади илмӣ ва 4 нафар рисолаи докториашонро ҳимоя кардаанд.

Ҳадаф:

- баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии донишҷӯён ва мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ;

- таҳияи назарияи таълим ва методҳои тарбия муосир;

- таҳияи технологияҳои навини методи таълим; 

- баррасии таъминоти методии тамоми раванди таълим;

- тайёр кардани мутахассисони ҷавон бо донишу малакаҳои зарурии соҳаи омӯзгорӣ;

- мусоидат намудан ба рушди кадрии соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон; -таъмини раванди таълим ва нақшаҳои таълимӣ барномаҳои касбӣ. 

Вазифаҳои асосии кафедра аз рӯи самтҳои зерин равона карда шудааст:

- татбиқи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ нисбат ба тарбияи насли наврас;

- баррасии Консепсияи миллии тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мунтазам омӯхтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф;

- татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд»;

- ташаккул додани маҳорати касбии донишҷӯён, масъулиятнокӣ, ҷаҳонбинӣ, ҳувияти миллӣ, ташаккули фарҳангӣ ва омода намудани мутахассисони касбии соҳаи омӯзгориву тарҷумонӣ;

- коркарди барномаҳои таълимии мувофиқи самтҳои педагогӣ;

- таъмини усулҳои инноватсионӣ ва баланд бардоштани  сифати таълим бо назардошти дастовардҳои  муосири илмӣ ва амалӣ;

- таълими муоширати касбӣ дар ҷанбаи ихтисоси интихобнамуда, такмил додани малакаю маҳорати педагогӣ;

- васеъ намудани ҷаҳонбинии умумигуманитарӣ, маърифатӣ ва эстетикии донишҷуён.