ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ

Қаюмов Абдулмаъин Ҷумахонович соли 2000 факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (собиқ Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев )-ро бо ихтисоси омӯзгори фанни забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ  хатм намудааст.

Солҳои 2000-2007 ба ҳайси ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии умумидонишгоҳии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият намудааст.  Аз соли 2007 то 2009 ба ҳайси муаллими калони кафедраи методикаи таълими забони англисӣ кор кардааст. Солҳои 2009-2011 ҳамчун муаллими калони кафедраи услубшиносӣ ва назарияи тарҷума кор кардааст.

Аз соли 2011 то соли 2015 ба ҳайси муовини декан оид ба таълим-эдвайзери факултети забони англисии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ва  ҳамзамон муаллими калони кафедраи услубшиносӣ ва назарияи тарҷума фаъолият намудааст.

Ӯ соли 2014 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Дидактические основы формирования речевой культуры будущих учителей английского языка» бомуваффақият дифоъ намудааст.

Аз соли 2015 то соли 2019 ба ҳайси декани факултети забонҳои Шарқ ва  аз моҳи сентябри соли 2019 то марти соли 2020 ҳамчун декани факултети забонҳои Осиёи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода фаъолият намудааст.

Аз моҳи апрели соли 2020 то декабри соли 2022 дар вазифаи муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода фаъолият намудааст.

Аз моҳи январи соли 2023 то ҳол муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мебошад.

Дараҷа: номзади илмҳои педагогӣ;
Унвон: доцент;
Вазифа: муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ;
Маълумот: олӣ;
Ихтисос аз рӯйи диплом: забони англисӣ ва фаронсавӣ;
Тахассус (касб): омӯзгор;
Собиқаи умумии корӣ: 23 сол;
Собиқаи корӣ аз рӯйи ихтисос: 23 сол;
Рақами телефони корӣ: (+992) 37 2325005;
Е-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.