ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Донистан хуб аст!

855Дар дунё бисёр олимону муҳаққиқоне ҳастанд, ки таърих онҳоро бо тоҷикону Тоҷикистон ҳамқисмат кардааст. Дар бештари ҳолатҳо ин гуна шахсиятҳо баъди анҷом додани тадқиқотҳои илмӣ нафарони маълуму машҳури замони худ гардидаанд. Дар ин миён, месазад аз номи чанд олиму муҳаққиқи рус, ки намояндагони ин халқи кабир аз дигар қавму миллатҳо дида бештар сари иқлиму обу ҳаво ва табиати биҳиштосои Тоҷикистон тадқиқотҳо анҷом додаву чанде аз онҳо дар рушди илми тоҷик низ саҳми назаррас гузошта, тавонистанд бо заҳматҳои шабонарӯзии худ бахшҳои алоҳидаи илми ватании моро маъруфи ҷаҳон гардонанд. 

Аз байни олимони рус, ки баҳри рушди илми тоҷик меҳнати зиёд кардаанд, нахустин раиси филиали Тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ Евгений Павловский мебошад. Ин олими шинохта дар 29-солагӣ бо ҳимоя намудани рисола барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои тиб ва сипас доктори илмҳои биологӣ тавонист солҳои зиёд дар соҳаи илми тоҷик хизматҳои беназир кунад. Академик Николай Платэ дар 32-солагӣ ва Александр Несмеянов дар 35-солагӣ ба дарёфти дараҷаи доктори илмҳои кимиё расидаанд.

Аз миёни олимони тоҷик, ки тавонистааст дар рушди илми ватанӣ хизмати арзанда кунад, метавон номи риёзишиноси маъруф Абдулҳамид Ҷӯраевро, ки таҳқиқоташ дорои аҳамияти ҷаҳонӣ буда, айни замон Пажӯҳишгоҳи математика бо маркази ҳисоббарори Академияи илмҳои Тоҷикистон номи ин шахсиятро дорад, дар 35-солагӣ ва Камолиддин Бойматов дар синни 32-солагӣ шарафи дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои физикаю математикаро доштаанд.

Табиби маъруф Ҳамид Мансуров, ки бунёди Институти гастроэнтерологияи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба номи ӯ алоқаманд аст, дар 35-солагӣ унвони доктори илмҳои тибро соҳиб гардидааст.

Бояд гуфт, илми тоҷик бо шарофати чунин олимон шуҳрати ҷаҳонӣ ба даст овардааст.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» №45(497) аз 10-11-2018 сол