ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Борбади асри бист

856Усмон Юсуфов, котиби якуми Ҳизби Коммунистии Ӯзбекистон, баъдҳо дар як маврид ба Акашариф гуфт:

- Шумо ҳофизи ду халқ. Ба Тошканд биёед. Дар ин ҷо ба Шумо ҳамаи унвонҳои фахриро медиҳем. Артисти халқии СССР ҳам мешавед.

Акашариф табассум кард:

- Ташаккур. Шумо меҳрубон ҳастед. Агар як бор оби ширини Камаровро мехӯрдед, лаззаташ дар ду дунё аз даҳонатон намерафт.

Ва Бобоҷон Ғафуров, котиби якуми Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, ки дар Москов ин муколамаро аз забони худи Усмон Юсуфов шунида буд, як рӯз Акашарифро ба мошинаш савор карда, то хонаи радио бурд ва ҳангоми фаромадан дасташро сахт фишурд:

- Ташаккур барои ҳамон ҷавоб!

Акашариф надонист, ки он кадом ҷавоб аст. Ғафуров ҳам шарҳ надод, вале дар китобаш навишт: "Шариф Ҷӯраев дар мусиқии касбии тоҷик бозёфти бузург аст ва ҳунарманде мисли ӯ, ба ин қудрату тавоноӣ ва эҷодкорӣ асолати миллии мусиқии моро ба шунаванда нарасонидааст. Ҳунари ӯ хотирнишин ва фаромӯшнашаванда буда, аз рангинтарин саҳифаҳои таърихи тамаддуни навини тоҷикист".

Аз китоби "АКАШАРИФ - Борбади асри бист"-и Урун Кӯҳзод

Бознашр аз ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» №41(493) аз 11-10-2018 сол